Доналд Трамп, президенти Амрико, қарори боло бурдани таърифаҳо ба маҳсулоти истеҳсоли Чинро, ки бояд рӯзи 1-уми март ба иҷро медаромад, мутавақиф кард. Дар ин бора Трамп дар "Твиттер" хабар дод ва тасмимашро ба "музокироти сермаҳсул" бо Чин вобаста донист.
Ба гуфтаи президенти ИМА, "дар сурати идомаи пешрафти бештар" дар гуфтушунидҳо, мулоқоти ӯ бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин барои бастани шартномаи тиҷоратӣ барномарезӣ хоҳад шуд. Аммо ӯ дар бораи замони мушаххаси мулоқот бо раҳбари Чин маълумот надод.
Доналд Трамп ҳамчунин ба нақши созандаи Сӣ Ҷинпин дар омода шудани мулоқоти Амрико-Кореяи Шимолӣ дар сатҳи олӣ барои 27-28-уми феврал дар Ветнам таъкид кард.
ИМА барнома дошт, ки аз моҳи январи соли 2019 таърифаҳои воридоти маҳсулоти Чинро аз 10 ба 25 дар сад боло бубарад. Аммо моҳи декабр Трамп ва Сӣ Ҷинпин дар нишасти бистгона дар Аргентина қарор карданд, ки боло бурдани таърифаҳо барои 90 рӯз мутавақиф шавад.
Охири моҳи январ бахши навбатии музокироти тиҷоратӣ дар Вашингтон баргузор шуд. Трамп гуфт, умедвор аст, ки созишнома то 1-уми март ба имзо бирасад, зеро дар акси ҳол Вашингтон таърифаҳоро барои маҳсулоти Чин ба маблағи 200 миллирд доллар боло хоҳад бурд.