Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп гуфт, вазъи фавқуллода эълон мекунад


Доналд Трамп ҳангоми суханронӣ дар рӯзи 15-уми феврал
Доналд Трамп ҳангоми суханронӣ дар рӯзи 15-уми феврал

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки барои бунёди девор дар марз бо Мексика қарореро дар бораи эълони вазъи фавқуллода дар минтақаҳои марзӣ бо ин кишвар имзо мекунад.

Ӯ зимни суханронӣ дар Кохи Сафед дар рӯзи 15-уми феврал гуфт, харҷ барои бунёди деворе, ки марзро тақсим мекунад, назар ба харҷ барои сарбозон, ки монеи вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ мешаванд, камтар хоҳад буд.

Бо эълони вазъи фавқуллода, Доналд Трамп метавонад, бе иҷозаи Конгресс дар марз девор бисозад, чунки эълони чунин вазъ ба раиси ҷумҳури Амрико салоҳиятҳои васеътар медиҳад. Ба қавли Доналд Трамп, бо эълони вазъи фавқуллода метавонад, барои бунёди девор 8 миллиард доллар ба даст биёрад.

Талаби ӯ барои ихтисоси бештар аз 5 миллиард доллар барои деворро вакилони Маҷлиси намояндагон рад карданд, чун бунёди деворро харҷи беасос ва нолозим мешуморанд. Доналд Трамп гуфт, қарори ӯ бидуни шак ба мухолифати вакилони мардумӣ дучор мешавад, аммо ӯ умедвор аст, ки Додгоҳи Олии Амрико дар ин баҳсро ба нафъи раиси ҷумҳур ҳал мекунад.

XS
SM
MD
LG