Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зафари Сӯфӣ


14 июли соли 1964 дар деҳаи Демирсади ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба дунё омадааст. Соли 1981 мактаби миёнаи ба номи Абулқосим Фирдавсиро ба поён расонда, ҳамон сол донишомӯзи бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд шуд. Соли 1986 соҳиби диплом шуд. Дар ин миён, шаш моҳ дар Донишгоҳи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) низ таҳсил кард.

Охири соли 1987 ба Душанбе рафта солҳои баъдӣ дар Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, Театри лӯхтак, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва «Садои Хуросон» фаъолият кардааст. Муассис ва сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» ва “Хабаргузории Озодагон” аст.

Навиштаҳояш аз соли 1982 дар расонаҳои хабарӣ чоп мешаванд. Муаллифи китобҳои ашъори «Наҷво» (1991), «Пажвоки дардҳои гунг» (2000) «Пушти пардаи пиндор» (2003) ва «Садои сукут» (2006) аст, ки дар Душанбе, Теҳрон ва Машҳад интишор ёфтаанд. Дар бахши тарҷума низ корҳое анҷом додааст, ки намунаи он ду филми бадеӣ ва чанд намоишнома мебошад, ки бархе аз онҳо то ҳол дар Театри лӯхтаки пойтахт ба намоиш гузошта мешаванд.

Чанд шеъри шоири латиш Имант Зиёдонис ва шоирони ӯзбак Рауф Парфӣ ва Муҳаммад Солеҳро ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, литвонӣ, фаронсавӣ ва инглисӣ баргардон ва чоп шудааст. Барандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ мебошад. Аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG