Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Интернет дар Тоҷикистон эҳтимол то 15% гарон шавад". ВИДЕО


Аз гуфтугӯҳои телефонӣ даст кашидани бархе аз сокинон ва ба паёмрасонҳое монанди Viber, Whatsapp ва IMO рӯ овардани онҳо, мақомоти андози Тоҷикистонро нигарон кардааст. Чун даромадҳои буҷет аз ҳисоби кам шудани гуфтугӯҳои телефонӣ ва бахусус зангҳо аз Тоҷикистон ба хориҷа коҳиш ёфтааст. Бархе аз манобеъ мегӯянд, гуфтугӯҳои байналмилалӣ ҳудуди 70 дар сад кам шуд.

Бе ин ҳам нархи Интернет дар Тоҷикистон гарон аст ва сифати бад дорад. Агар нархро аз ин ҳам гарон кунем, муштариҳо кам мешаванд.

Viber, Whatsapp ва IMO даромади буҷетро кам кардаанд

Аз ин рӯ, Кумитаи андоз аз ширкатҳои мобилӣ хостааст, ки ҳар дақиқа гуфтугӯи корбарон тавассути Viber, Whatsapp, IMO ва паёмрасонҳои дигарро ҳисоб карда, аз рӯи он андоз супоранд. Вале ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки имкони техникии ҳисоб кардани гуфтугӯи одамонро тавассути паёмрасонҳо надоранд.

Як ҳамсуҳбати мо дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми январ гуфт, тасмими охири мақомоти андоз ин аст: нархи траффики интернете, ки ба хориҷа меравад (траффике, ки тавассути Маркази ягонаи коммутатсионӣ мегузарад), боло бардошта шавад, то аз ин ҳисоб андози бештар ситонанд. Аммо ҳамсуҳбати мо гуфт, "чун траффики Интернетро аз ҳам ҷудо кардан мушкил аст, интизор меравад, нархи Интернет дар маҷмӯъ аз 10 то 15 дар сад боло бурда шавад."

"Дар ҳолати шок қарор дорем"

Бар замми ин, Кумитаи андози Тоҷикистон хостори он шудааст, ки NGN дубора ба ҳамаи ширкатҳо иҷозат дода шавад. Ба фарқ аз паёмрасонҳои Viber, Whatsapp ва IMO, назорати дақиқаҳои гуфтугӯ тавассути NGN имконпазир аст.

МУҚОИСАИ НАРХИ ИНТЕРНЕТ ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ:

Муқоисаи нархи Интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

Ин дар ҳолест, ки соле қабл Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муҷаввизи алоқаи NGN-ро аз ширкатҳо гирифта буд. Пас аз муддате танҳо чаҳор ширкати мобилӣ – Тселл, Мегафон, Билайн ва Бабилон – замимаҳои вижаи худро бо номҳои "Чӣ гап?", "Мегафон Лайф", "Салом" ва "Моби Гап" фаъол карданд.

Инак, Кумитаи андоз мехоҳад иҷозаи алоқаи NGN ба ҳама ширкатҳо дода шуда, нархи гуфтугӯ тариқи он боло бурда шавад, то манбаи андозситонӣ бештар гардад. Як мақоми баландпояи ширкати мухобиротӣ, ки нахост номаш бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз иштирок дар маҷлисҳо бо ҳузури намояндагони Кумитаи андоз "дар ҳолати шок қарор доранд".

"Рушди бозор маҳдуд мешавад, муштариҳо кам"

Ӯ гуфт, хоҳиши Кумитаи андозро мефаҳмад ки талош дорад, манбаи бештари андозситониро пайдо кунад. "Вале ин тасмими Кумита, баръакс, рушди бозорро маҳдуд мекунад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Вай гуфт, "бе ин ҳам ҳоло Интернети Тоҷикистон сифати бад дорад ва гарон аст. Агар мо нархро аз ин ҳам гарон кунем, муштариҳо кам мешаванд. Ба ҷои он ки Кумитаи андоз кӯшиш кунад, бозор рушд ёбад ва аз ҳисоби бештар шудани хадамот андози бештар гирад, баръакс, талош дорад чизе, ки ҳаст ба истилоҳ бештар бидӯшад."

Дар ҳамин ҳол, як комиссияи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки қимати як мегабайти Интернет барои гуфтугӯ тариқи NGN тақрибан 0,65 сомонӣ (0.07 доллари амрикоӣ) муқаррар карда шавад. Мақомот ҳисоб кардаанд, ки барои як дақиқаи гуфтугӯ бо NGN панҷ мегабайт Интернет зарур аст.​ Ин комиссия бо дастури Дастгоҳи иҷроияи президент аз ҳисоби намояндагони Вазорати молия, Хадамоти алоқа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Кумитаи андоз ташкил шудааст.

"Гуфтугӯ бо NGN арзонтар аст"

Бино ба таҳлилҳои мақомоти Кумитаи андоз айни замон ба ҳисоби миёна арзиши як дақиқаи гуфтугӯ тавассути NGN, чӣ бо дохил ва чӣ хориҷи кишвар, 15 дирам будааст. Дар ҳоле ки, ба қавли онҳо, нархи як дақиқаи гуфтугӯи телефони мобилӣ бо хориҷа 1 сомониву 20 дирам ва 8 маротиба гаронтар аз хадамоти NGN аст.

Ин мавзуъ ҳафтаи гузашта дар як ҷаласаи корӣ бо иштироки намояндагони Вазорати молия, Хадамоти алоқа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Кумитаи андоз ва намояндагони ширкатҳои мобилӣ барарсӣ шудааст. Нусхаи протоколи ҷаласа рӯзи 16-уми январ дастраси Радиои Озодӣ гардид. Бино бар он, Карим Гулмурозода, муовини раиси Кумитаи андоз гуфтааст, ширкатҳои мобилӣ бояд дар асоси хароҷоти воқеиашон нархи гуфтугӯҳои NGN-ро муайян кунанд. Бо назардошти ин радду бадал кумисюни давлатӣ ба ширкатҳои мобилӣ пешниҳод кардааст, ки нархи як мегабайти интернет барои гуфтугӯ бо NGN 0,65 сомонӣ (0.07 доллар) муқаррар карда шавад.

Кумитаи андоз аз ширкатҳои мобилӣ тақозо кардааст, ки то 17-уми январ хулосаи худро дар ин бобат ба кумита ирсол кунанд. Вагарна кумита ҳамроҳ бо Вазорати молия ва Хадамоти алоқа худ дар ин бобат хулоса бароварда, барои тасдиқ ба ҳукумат мефиристад.

XS
SM
MD
LG