Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангушти Лукашенко ба самти Русия. "Таҳдид самар намедиҳад"


Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус гуфт, кишвараш ҳеҷ гоҳ бахше аз Федератсияи Русия намешавад. Ӯ рӯзи 14-уми декабр ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Минск гуфт, истиқлол барои кишвараш муқаддас аст. Вай афзуд, орзуи онҳое, ки мехоҳанд, Белорусро ба минтақаҳо ҷудо карда, ба бахшҳое аз Русия табдил бидиҳанд, амалӣ намешавад.

"Аз роҳи таҳдид, ва талош барои ба зону даровардани мо ва зонуи худро ниҳодан ба қафаси синаи мо ҳеҷ натиҷа намедиҳад. Мумкин шумо инро дарк карда бошед. Мо мардуми сарватманд нестем ва сарватмандтар ҳам намешавем" - гуфт, ӯ.

Раиси ҷумҳури Беларус, ҳамсокишвари азимашро танқид кард, ки мехоҳад, бо истифода аз газу нафташ, Беларусро зери фишор қарор диҳад ва ба қаламраваш ҳамроҳ кунад.

Русия ва Беларус қарордодҳои зиёди ҳамкорӣ доранд, вале Минск имкон надодааст, ки Русия ҳузури низомиашро дар Беларус тақвият диҳад. Байни ду тараф гоҳ гоҳ сари тиҷорат ҳам ҷанҷолу даъво мехезад.

XS
SM
MD
LG