Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Ирландия исқоти ҳамлро қонунӣ кард


Ирландия: Вокуниши занон ба қонунӣ шудани исқоти ҳамл

Порлумони Ирландия рӯзи 13-уми декабр ба ҷонибдорӣ аз қонунӣ шудани исқоти ҳамл ё фигона раъй дод. Қонун баъди имзои президент ба иҷро медарояд.

Ҳамакнун дар Ирландия исқоти ҳамл ё аборт то ҳафтаи 12-уми ҳомиладорӣ имконпазир мешавад. Ҳамчунин занҳо метавонанд, дар сурати пеш омадани хатар ба саломатии модар, дар давраҳои дертар ҳам исқоти ҳамл кунанд.

Сарвазири Ирландия Лео Варадкар тасмими порлумонро "гоми таърихӣ барои занҳои ирландӣ" номид.

Моҳи майи имсол 68 дарсади ирландиҳо ба ҷонибдорӣ аз қонунӣ шудани исқоти ҳамл ё аборт раъй доданд.

Дар ҳоли ҳозир қонуни манъи исқоти ҳамл дар Ирландия яке аз сахттарин қонунҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Барои исқоти ҳамл то 14 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Ба ҷуз ин, дар он кишвар фурӯши доруҳои пешгирикунандаи ҳамл манъ аст. Ҳатто дар сурати таҷовуз ба номус ҳам аборт манъ буд. Дар соли 2013 порлумон қонунро каме сабук кард ва иҷозат дод, ки дар сурати эҷоди хатар зан метавонад, бача партояд.

Ҳамасола бештар аз 3 ҳазор ирландӣ барои қатъи ҳомиладорӣ ба Бритониё мераванд. Дар солҳои 1980 то 2016 170 ҳазор зани ирландӣ дар берун аз ин кишвар бача афтондаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG