Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи ИА барои музокироти густариши равобит ба Бишкек рафт


Петер Буриан

Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ Петер Буриан бо ҳадафи баррасии роҳҳои рушди ҳамкории иттиҳод бо Қирғизистон вориди Бишкек шуд.

Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Бишкек рӯзи 29 ноябр гуфт, ки Буриан заминаҳои ҳамкории иттиҳод бо Қирғизистонро бо раиси порлумон Достонбек Ҷумъабеков, нахуствазир Муҳаммадқулӣ Абдулғозиев ва вазири умури хориҷӣ Чингиз Айдарбеков баррасӣ мекунад.

Мулоқоти Петер Буриан ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи маданӣ ва дипломатҳои хориҷӣ барномарезӣ шудааст. Сафари қаблии Буриан ба Қирғизистон моҳи феврал, ду моҳ баъди оғози музокироти ин кишвар бо Иттиҳоди Аврупо дар бораи қарордоди нави дуҷонибаи ҳамкорӣ, ҷараён гирифт.

Иттиҳоди Аврпуо моҳи декабри соли 2017 эълон кард, ки созишномаи нав санади соли 1999-ро иваз хоҳад кард, ки Иттиҳоди Аврупо ва Қирғизистон имзо карда буданд. Федерика Моғеринӣ - раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо баъди сафари моҳи нобяри соли гузашта ба Бишкек ин қарордодро "баланпарвозона" унвон карда буд.

Иттиҳоди Аврупо ва кишвари дигари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, созишномаи пешбурди ҳамкориҳои танготангро моҳи декабри соли 2015 имзо карданд.

Ҳарду кишвар- Қазоқистон ва Қирғизистон бо Маскав пайванди наздик доранд ва ба созмони таҳти назорати Маскав -Иттиҳоди АвроОсиё шомил шудаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG