Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар почтаи хонаи Ҷорҷ Сорос бомба ошкор шуд


Мақомоти Амрико гуфтанд, ки як бомбаи эҳтимолиро, ки дар дохили номае дар беруни хонаи миллиардер Ҷорҷ Сорос дар Ню-Йорк ошкор шуд, безарар карданд. Ин нома рӯзи 22 октябр дар дохили қутии почта аз ҷониби як коргари Сорос ошкор шуд ва ӯ ҳамон замон полисро хабардор кард. Онҳо гуфтанд, ки мутахассисон дертар ин маводро дар як ҷангалзори наздик нобуд карданд. Нашрияи New York Times гуфт, ки дар ин соатҳо Ҷорҷ Сорос дар хонаи худ дар шаҳри Бедфорд набуд. Ҳоло ин ҳодисаро Бюрои федеролии таҳқиқот тафтиш мекунад.

Соҳибкори 88-сола зодаи Венгрия буда, миллиардҳо доллари худро барои барномаҳои пешбурди демократия ва ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон сарф мекунад. Ӯ ҳамчунин як донори калони ҳизби демократии Амрико ба ҳисоб меравад. Дар ин охирҳо Соросро фаъолони ҷумбишҳои ростгаро дар Амрикову берун аз он ва ҳам ҳукумати миллатгарои Венгрия бад мебинанд.

XS
SM
MD
LG