Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Холид баъди ҷаримаи зиёди нозирони роҳ худкушӣ кард


Як ронандае, ки дар Покистон ба нишони эътироз аз тамаъҷӯии пулис худро дар шаҳри Карочӣ оташ зад, даргузашт.

Муҳаммад Холид рӯзи 22-юми октябр ва ду рӯз баъд аз он даргузашт, ки дар назди идораи пулиси шаҳр худсӯзӣ кард. Бино ба гузоришҳо, Муҳаммад Холид, ронандаи рикша ва ё мусофирбарҳои хурди сечарха аз пардохти ришва ба як нозири роҳ сарпечӣ кардааст ва ӯ дар ҷавоб Муҳаммад Холидро ҷарима бастааст.

Ҷарима ҳам сеяки даромади рӯзонаи ронанда будааст.

Баъди ин ҳодиса Амир Аҳмад Шайх, сардори раёсати пулиси Карочӣ ба аёдати ронанда ба шифохона рафта ва нозири роҳро ҳам то замони анҷоми таҳқиқи амалкарди ӯ муваққатан барканор кардааст.

Ӯ, ҳамчунин, дастур додааст, ки дигар ронандагони рикшаҳоро ҷаримаҳои бузург набанданд.

XS
SM
MD
LG