Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии сиёсатмадори маскавгаро дар интихоботи Босния


Милорад Додик
Милорад Додик

Сиёсатмадори миллатгарои серб Милорад Додик дар интихоботи Президиуми Босния ва Ҳерзеговин пешсаф шуд ва дар ниҳоди олии Сербистон аз Ҷумҳурии Босния намояндагӣ хоҳад кард. Ин натиҷаи пешакии интихоботи рӯзи 7 октябр аст, ки рӯзи душанбе эълон шуд.

Додик аз Младен Иванич бо даҳ дар сади райъҳо пеш гузашт, ки ҳоло дар Президиум аз ҷумҳурии Сербистон намояндагӣ мекунад. Иванич бохташ дар интихоботро эътироф кард.

Аз рӯи Қонуни асосӣ, ки бар пояи созишномаи Дейтон қабул шуд ва роҳро ба хотимаи ҷанги Босния боз кард, Президиуме, ки кишварро идора мекунад аз се нафар - намояндагони ҷомеаҳои мусалмонони Босния, хорватҳо ва сербҳо иборат аст.

Додик, ки ҳоло президенти Ҷумҳурии Сербистон аст, борҳо ба таъсиси федератсияи ховату мусалмонҳо ва хориҷ шуданд аз ҳайъати Босния ва Ҳерзеговин даъват кардааст. Ӯ ҳамчунин аз ҳаводорони Кремлин буда, борҳо бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кардааст ва ба ордени "Дӯстии Русия" мушарраф шудааст.

Дар Президиум аз мусалмонҳо Шефик Ҷаферович ва аз хорватҳо Желко Комшич намояндагӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG