Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев тарҳи даст кашидани Русия аз долларро тасдиқ мекунад


Рубли Русия
Рубли Русия

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев рӯзҳои наздик тарҳи даст кашидани иқтисоди Русия аз долларро тасдиқ мекунад. Дар ин бора нашрияи The Bell рӯзи 2 октябр бо такя ба манбаҳояш хабар дод. Гуфта мешавад, ки тарҳ бар пояи пешниҳодҳои раҳбари Бонки Тиҷорати Хориҷӣ - ВТБ Андрей Костин амалӣ хоҳад шуд. Дар тарҳи қонун аз ҷумла истифодаи ҳарчӣ бештари рубл дар муомилоти байналмилалӣ пешниҳод шудааст.

Ҳамзамон, ҳамсӯҳбатҳои The Bell гуфтанд, ки масъалаи қатъи муомилот бо доллар дар миён нест ва ҳукумат гӯё танҳо мехоҳад муомилоти тиҷоратиро бо рубл ва воҳидҳои дигари пулӣ, аз ҷумла юан ва евро ба роҳ монад. Дар баррасии ин тарҳ Бонки Миллӣ, ВТБ ва дигар бонкҳои бузурги Русия иштирок мекунанд. Барои тадриҷан аз доллар даст кашидани Русия на камтар аз 5 сол зарур аст.

Масъалаи канор рафтан аз доллар вақтҳои ахир дар робита ба таҳримҳои ИМА алайҳи Русия ба таври густарда баҳс мешавад. Моҳи июл Конгресси Амрико санадеро ба баррасӣ гирифт, ки манъи ҳамкорӣ бо бонкҳои бузурги Русия, бо шумули "Сбербанк"-ро пешниҳод мекунад. Ин ба маъноест, ки созмонҳои молии номбурда аз ҳақи истифодаи доллар маҳрум мешаванд.

XS
SM
MD
LG