Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чепига барои берун бурдани Янукович унвони "Қаҳрамони Русияро гирифт"


Боширов - Чепига
Боширов - Чепига

Нафаре, ки пулиси Британия ӯро дар заҳролудшавии корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал масъул медонад, ба амалиёти аз Киев берун бурдани президенти пешини Украина Виктор Янукович раҳбарӣ мекард.

Дар ин бора журналисти Русия Сергей Канаев, ки дар таҳқиқи гурӯҳи "The Insider" ва "Bellingсat" иштирок кардааст, рӯзи 1-уми октябр изҳорот дод. Номи Анатолий Чепига, ки Русия ӯро "Руслан Боширов" муаррифӣ карда буд, баъди ҳамин таҳқиқот ошкор шуд.

Канаев гуфт, ки моҳи феврали соли 2014 Чепига бо воҳиди таъиноти махсус ба маҳалли иқомати Янукович, воқеъ дар Межигорье омада, як муддат дар онҷо буд ва Януковичро муҳофизат мекард. Ба маълумоти хабарнигор, Чепига барои амалиёти берун бурдани Виктор Янукович аз Украина унвони "Қаҳрамони Русия"-ро дарёфт кард.

Журналист ваъда дод, ки рӯзҳои наздик ҷузъиёти иштироки Чепигаро дар амалиёти берун бурдани Янукович нашр мекунад.

Қаблан Дмитрий Песков - сухангӯи президент Владимир Путин - хабари "Қаҳрамони Русия" будани Чепигаро рад кард.

Журналисти рус Сергей Канаев дар ҳоле аз Русия берун шуд, ки Хадамоти федеролии амният - ФСБ ба ҷустуҷӯи манбаи пахши маълумот дар бораи "Боширов - Чепига" ва гумонбари дуюм Александр Петров оғоз кард.

Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия рӯзи 4-уми март дар шаҳри Солсберии Британия бо заҳри фалаҷкунандаи асаб – «Новичок» – заҳролуд шуданд. Британия мегӯяд, "Новичок" дар Шӯравии собиқ истеҳсол мешуд ва ҳамларо ду корманди истихбороти низомии Русия анҷом доданд. Маскав иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG