Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Куҷоӣ, ки боз афсонаам бигӯӣ, модар?”


Ҳуриннисо Ализода

МАГАР МОДАР БАРОЯМ ҚИССА МЕГУФТ,

ВАЁ, КИ СӮЗ ДАР АФСОНА МЕСУФТ?..

Дар афсонаҳои модарам писари подшоҳ ошиқи духтари камбағал мешуд ва баъди саддҳои зиёдеро пушти сар кардан, дар охир, ба ҳам ҷуфт мешуданд. Ҳафт шабу ҳафт рӯз шаҳрро ойинабандӣ карда, тӯю тамошо медоданд ва шиками тамоми камбағалон сер мешуду дилдодагон ба мақсад мерасиданд. Ҳама хушбахт...

Шоҳдухтар себеро, ки бояд ба хушкардааш, ҳамсари ояндааш, аз болои девори қаср медод ва шарташ ин буд, ки номзад далеру донишманду паҳлавони зеборух бошад. Аммо ғолибият ҳатман насиби писари як беваи бечорае мегашт, ки дар охири маърака дилу бедилон барои тамошо омада буд.

Зайнурамоҳ Дарёева, модари Ҳуриннисо Ализода
Зайнурамоҳ Дарёева, модари Ҳуриннисо Ализода

Дар қиссаҳои модари ман зани донои вазир ё маликаи закӣ маслиҳатгару мушовири шавҳарон буданду хиради онҳо мамлакатро идора мекард.

Достонҳои пуроби чашму қиссаҳои ошиқии гуфтаҳои модарам ҳамеша бо он анҷом мешуданд, ки дилдодагон ҳатман ба мақсад мерасиданд.

Афсонаҳои модарам перомуни марди донишманд ё табиби ҳозиқе, ки ахиран шоҳ аз истеъдодаш огаҳ шудаву аз сараш барои кушудани муаммое зар мепошид, хеле шуниданӣ буданд.

Шоҳи одили афсонаҳои модарам ҳамеша дар охир ҳақро ба ҳақдор мерасониду вазири хоин фош мешуд.

Зани ҳунарманд дар қиссаҳои модари ман шавҳари танбалашро бо ҳунари дастонаш то ба мансаби вазирӣ мерасонду пирмарди хоркаш баъди сахтиҳои сангини ҳаёт, кӯзаи тилло меёфту боқии умрашро бо сериву пурӣ ва айшу ишрат мегузаронд.

Зани зираке қозии фосиқро бо ҳиллае мефиребиду аз шарраш раҳоӣ меёфту иффати хеш нигаҳ медошт.

Зану шавҳари камбағал бо нимаи ноне фарзандонашонро бо раҳи ростӣ тарбия кардаву хушбахт мезистанд.

Деве ба духтаре ошиқ мешуду аз раҳи бадиҳо канор мерафту ба хотири муҳаббат ба одамӣ унс мегирифт ва меҳрубон мешуд.

Кампираки карбосбофе матои хешро ба бозор мебурду ҳамсари шоҳ ба хотири мӯйи испедаш карбоси ӯро ба зар мехарид. Дар афсонаҳои модарам дурӯғгӯ ҳамеша шармандаву порахӯр дастгир мегашт. Афсонаҳои модарам ҳамеша шоҳро аз макру ҳияли атрофиёнаш огоҳ мекарданду қозиву миршабу хазинадору вазири хоин ба ғазаби шоҳ гирифтор мегардиданд. Ҳақро ба ҳақдор мерасониданд, афсонаҳоят модарам...

Ҳуриннисо Ализода
Ҳуриннисо Ализода

...Куҷоӣ, ки боз афсонаам бигӯйи, модар?

Ту ба ин афсонаҳоят чиро ба ман омӯхтанӣ будӣ, ки умрам ба кофтанашон гузашту?..

Модар, имрӯз ба ин афсонаҳои фиребои пурпандат бештар аз пештар ниёзмандам.

...Афсона мехоҳам модар, афсонаҳои пурафсуни туро, ки боварам бубахшанд...

Афсона мехоҳам...

Ҳуриннисо Ализода

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG