Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: То вақте Асад дар қудрат аст, низои Сурия ҳал намешавад


Фирориҳои Сурия
Фирориҳои Сурия

"Гурӯҳҳои тундрав ба хуруҷ аз вилояти Идлиб оғоз кардаанд, аммо то замоне Башор Асад дар қудрат боқӣ мемонад, ҳалли мусолиҳатомези низои Сурия аз имкон дур хоҳад буд", - гуфт президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбат бо хабаргузории Reuters.

Дар Идлиб беш аз 3 миллион нафар зиндагӣ мекунад, ки сеяки онҳо кӯдакон мебошанд. Рӯзи гузашта Эрдуғон аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, аз ҳамлаи Идлиб бинобар тааҳуди Русияву Туркия ҷилавгирӣ шуд.

Ҳуҷум ба ин вилоятро, ки охирин истеҳкоми мухолифини мусаллаҳ номбар мешавад, Русия ва нерӯҳои ҳукумати Башор Асад омода карданд. Президенти Туркия аз сарозер шудани мавҷи паноҳандагон ба кишвараш ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди истифодаи маводи кимиёвӣ дар ин ҳамла нигарон шудаанд.

XS
SM
MD
LG