Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии ҳамҷинсгароён дар Белград


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қарор аст, имрӯз дар Белград, фаъолони ҳамҷинсгароёну хунсиҳо ва дигар аққалиятҳои ҷинсиву тарафдоронашон раҳпаймоӣ кунанд. Теъдоди зиёде аз маъмурони пулис барои ҳифзи тартибот дар пойтахти Сербистон сафарбар шудаанд.

Раҳпаймоӣ бахше аз барномаи якҳафтаина дар бораи ҳуқуқи ҳамҷинсгароён аст, ки дар ҷараёни он филму намоишҳо ва конфронсу баҳсҳо сурат гирифт.

Баргузоркунандагони раҳпаймоӣ аз мақомот талаб доранд, ки барои риояти ҳуқуқи ҳамҷинсгароён чора биандешад, аз ҷумла навиштаҳои табъизомез ба зидди онҳоро аз китобҳо бардорад ва онҳоро аз озору азият эмин нигаҳ дорад.

Ба гуфтаи фаъолон, бадбинӣ ва пешқазоват нисбат ба ҳамҷинсгароён дар Сербистон зиёд аст.

XS
SM
MD
LG