Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Қирғизистон 10 ҳамватани худро дар Маскав бо мошин пахш кард


Яке аз кӯчаҳои марказии Маскав
Яке аз кӯчаҳои марказии Маскав

Як зодаи Қирғизистон ҳудуди 10 ҳамватани худро бо мошин дар Маскав пахш кард. Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, шаҳрванди ин кишвар баъди ҷанҷол дар клуби "Аура" ҳамватанони худро пахш кардааст. Дар натиҷаи 10 одам осеб дида, ҷавони 21-солае дар беморхона ҷон бохтааст. Пулис мегӯяд, дар миёни осебдидагон як ноболиғ ҳам ҳаст.

Субҳи 9 сентябр намояндагии Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар Маскав хабар ёфт, ки дар наздикии клуби шабонаи "Аура" 10 шаҳрванди ин кишвар зери чархи мошин мондааст.

"Бино ба маълумоти пешакӣ, ҳодиса дар натиҷаи ҷанҷоле рух дод, ки дар клуби "Аура" сар зад. Вақте иштирокчиёни моҷаро дар берун қарор доштанд, яке аз онҳо бо мошин гуруҳро пахш кардааст", - гуфт вазорат.

Ронандаи мошин шаҳрванди Русия Бекҷон Сарбишеви 21-сола дар маҳалли ҳодиса дастгир шудааст.

Сарбишев он шаб ҳамроҳи наздикони худ зодрӯзи хоҳарашро дар клуби "Аура" ҷашн мегирифтанд. "Дар майдони рақс афроди бегона соҳибҷашн ва дугонаҳояшро озору азият додаанд. Дар натиҷа миёни онҳо ва Сарбишев ҷанҷол сар задааст", - афзуд намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG