Баъди муддати тӯлонӣ, ниҳоят тобистони имсол мақомот иҷоза доданд, ки дар дохили метрои шаҳри Тошканд аксбардорӣ шавад. Хабарнигори РАО/РО аксҳое аз истгоҳҳои маъруфу зебои кошикоришудаи Тошканд бардошт. Метрои пойтахти Узбекистон яке аз қадимтарин роҳҳои зеризаминии нақлиётӣ ба шумор меравад
Истгоҳи “Буюм ипак юлӣ” аз забони узбекӣ ҳамчун “Роҳи абрешим” тарҷума мешавад
Лаҳзаи баъди ҳаракати қаторҳо дар истгоҳи “Космонавтлар” ё “Кайҳоннавардон”. Ин истгоҳ бо суратҳои зебои кайҳоннавардони маъруф оро дода шудааст
VВалентина Терешкова нахустин занест, ки ба кайҳон парвоз кардааст. Акси ин қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар рӯи як наққошии сафолӣ ифода шудааст
Мусофирон дар истгоҳи “Пахтакор” вориди қатор шуданд
Истгоҳи Ғафур Ғулом ба номи рӯшанфикри маъруфи даврони шӯравӣ гузошта шудааст. Барои бунёди метро ё нақлиёти зеризаминӣ зарур буд, ки аҳолии шаҳр аз 1 миллион нафар бештар бошад. Соли 1960 ҷамъияти пойтахти Узбекистон аз ин марра убур кард ва ба бунёди метро иҷозат шуд.
Истгоҳи “Пахтакор”. Корҳои бунёди метро соли 1971 шурӯъ шуд ва метро расман дар соли 1977 ба фаъолият оғоз кард
Гузаргоҳ ё долоне, ки ду истгоҳи метроро ба ҳам васл мекунад. Баъди он ки шаҳри Тошканд дар зилзилаи шадиди соли 1966 осеб дид, муҳандисон ба қароре расиданд, ки бояд умқ ё чуқурии метро камтар ва қудрати истодагии он дар баробари офатҳои табиии мисли зилзила тақвият дода шавад. Баъди ин чуқурии метроро камтар карда бархе истгоҳҳоро чанд метр баландтар дар рӯи замин муқаррар карданд.
Истгоҳи “Зардолузор”. Кори метрои Тошканд аз соати 5-и субҳ шурӯъ мешавад.
Нигораи сафолие дар яке аз истгоҳҳои метро
Қандили истгоҳи “Челонзор”. Исми ин истгоҳ ба номи як минтақаи шаҳри Тошканд гузошта шудааст. Дар бунёди метрои Тошканд наққошон аз тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ саҳм гузоштаанд. Ин қандили 5-метраро ҳунарманди латвиягӣ Ҳаим Рихсин эҷод кардааст.
Истгоҳи ба номи Алишери Навоӣ
Шифти истгоҳи Алишери Навоӣ мисли масҷиде кошикорӣ шудааст
Истгоҳи метрои “Нав”. Кори метрои Тошканд шабеҳ ба кори метро Маскав танзим шудааст
Арзиши билети метроро дар даромадгоҳ пардохт кардан мумкин аст. Як сафар 1200 сӯми узбекӣ ё 15 сенти амрикоӣ арзиш дорад.
Баъди касби истиқлолияти Узбекистон дар соли 1991, бархе исмҳои шӯравӣ аз номҳои истгоҳҳои метро ҳазф шуданд. Аз ҷумла, истгоҳи “Октябр” ба “Майдони Амир Темур” табдил шуд
Зоҳиран аз ин нигораи сарбози шӯравӣ ифодаи досу болға, ки дар рӯи парчам ифода шуда буд, бардошта шуд
Нигораи сафолии навозандае дар истгоҳи Алишери Навоӣ
Нигорае дар истгоҳи “Пахтакор” ба кишвари истеҳсолкунандаи пахтаи хом будани Узбекистон ишора мекунад. Ин кишвар муддати дароз барои истифодаи нирӯи арзон дар чиниши пахта интиқод мешуд. Соли 2018 мақомот ваъда доданд, ки ин таҷриба дигар такрор намешавад.
Мақомот бо далелҳои амниятӣ муддати дароз аксбардорӣ дар метрои Тошкандро манъ карда буданд. Июни соли 2018 ин монеа бардошта шуд. Як сабаби ҷорӣ шудани чунин муқаррарот дар паноҳгоҳ аз бомбаи ҳастаӣ будани метро мебошад.
Дар сурати пеш омадани хатари ҳамлаи ҳастаӣ, ин дар ба хотири таъмини амнияти инсонҳо баста мешавад
Мақомот огоҳ мекунанд, ки сокинон аз ҳодисаҳои эҳтимолии ноамнӣ эҳтиёт кунанд
Навиштаҷоте ба русӣ: “Эҳтиёт – гарави амнияти мост!”
Нигораи кошикоришуда дар истгоҳи Алишери Навоӣ
Акси Юрий Гагарин, аввалин кайҳоннавард дар истгоҳи “Космонавтлар”
Пораи девори истгоҳи “Боғи миллӣ”
Нигорае ба ифтихори 2200-солагии шаҳри Тошканд дар саҳни истгоҳи “Тошканд”
Қаҳрамонҳои яке аз асарҳои Ойбек дар истгоҳи ба номи ин нависандаи адабиёти классикии Узбекистон
Мусофирон саҳнаи аксбардориро аз дохили қатор тамошо мекунанд
Даромадгоҳи аксар истгоҳҳои метро хеле хоксоранд ва ҷаззобияти ҳунари сохтмонии дохили ин роҳҳои зеризаминиро пинҳон мекунанд. Вале бо иҷоза шудани аксбардорӣ дар метрои Тошканд, эҳтимолан базудӣ аксҳое аз ин макон дар расонаҳои байналмилалӣ нашр мешаванд.