Алишер Усманов, олигархи узбектабори Русия 30 дарсади саҳмашро дар бошгоҳи футболи "Арсенал"-и Англия ба фурӯш мегузорад.
Саҳми Усмоновро сарватманди амрикоӣ Стэн Кронке мехарад. Кронке то кунун 67% саҳмиями "Арсенал"-ро дар ихтиёр дошт. Кронке гуфт, ҷамъоварии саҳмияҳои бошгоҳи "Арсенал" дар ихтиёри як нафар, имкон медиҳад, ки бошгоҳ хуб идора шавад.
Усмонов, ки ба навиштаи маҷаллаи Forbes, $12,5 млрд сарват дорад, дар рӯйхати доротарин соҳибкорони Русия мақоми 10-умро соҳиб ишғол кардааст. Ӯ соли 2007 бори аввал 14,5% саҳмияи "Арсенал"-ро аз Дэвид Дейн харидорӣ кард ва соли 2016 саҳмияҳои Фарҳод Мошириро ҳам ба даст овард.
Коршиносон арзиши "Арсенал"-ро 2,3 миллиард доллар арзёбӣ мекунанд. Аммо маълум нест, ки Усмонов аз фурӯши саҳмаш чи қадар фоида мегирад. Ба навиштаи расонаҳо, саҳмияи Усмонов тақрибан 711 млн доллар арзиш дорад. Кронке барои харидани саҳми Усмонов мехоҳад, аз Deutsche Bank қарз бигирад.
Эҳтимол меравад, Алишер Усмонов ҳам мисли Роман Абрамович, олигархи дигари Русия, ба рӯйхати таҳримҳои ИМА шомил шавад. Ҳамчунин маълум нест, ки фуруши саҳмияҳои "Арсенал" ба таҳдиди таҳримҳои ИМА рабт дорад ё хайр. Намояндагои Усмонов то ҳол ин таҳаввулотро шарҳ надодаанд.