Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар макони қатли сайёҳони хориҷӣ дар Данғара лавҳаи ёдбуд гузошта шуд


Лавҳаи хотираро мақомоти ноҳияи Данғара гузоштанд. Акс аз корбари Фейсбук Ҷана Ашурова
Лавҳаи хотираро мақомоти ноҳияи Данғара гузоштанд. Акс аз корбари Фейсбук Ҷана Ашурова

Дар маҳалли ҳамла ба ҳафт ҷаҳонгарди хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Тоҷикистон лавҳаи хотира ва гулдастаҳо гузошта шуд. Дар ин лавҳа ба ду забон – англисӣ ва тоҷикӣ ҳамдардии амиқи кулли мардуми Тоҷикистон ба хонаводаҳои қурбониён баён шудааст.

Ҷана Ашӯрова, як корбари Фейсбук, ки ин аксро 2 август дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки лавҳаро субҳи имрӯз кормандони мақомоти ноҳияи Данғара гузоштаанд. Ӯ гуфт, ки онҳо ният доранд гирду атрофи лавҳаро обод кунанд.

Қатли чаҳор сайёҳ ва маҷрӯҳ се тани дигари онҳо дар ҳамлаи рӯзи 29 июл бисёриҳоро дар Тоҷикистон такон дод. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати Исломӣ” ба дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG