Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба хориҷиҳоро гурӯҳи махсуси фавриву ҷустуҷӯӣ таҳқиқ мекунад


Вазири умури дохилӣ, раиси КДАМ ва додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ҷараёни тафтиши қазияи ҳамла ба хориҷиҳо дар назди президент гузориш доданд. Акс: president.tj
Вазири умури дохилӣ, раиси КДАМ ва додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ҷараёни тафтиши қазияи ҳамла ба хориҷиҳо дар назди президент гузориш доданд. Акс: president.tj

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои интизомии Тоҷикистон амр дод, ки барои таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба туристони хориҷӣ як гурӯҳи махсус ташкил дода шавад. Вебсайти президент шоми 30 июл хабар дод, ки ин гурӯҳи махсус таъсисёфта бо ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони фоҷеа дар Данғара машғул мешавад. Дар як ҳамла ба велосипедронҳои хориҷӣ рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара, чор нафар кушта ва се нафар захмӣ шуданд. Дар миёни қурбониён – ду шаҳрванди ИМА, як шаҳрванди Ҳолланд ва як шаҳрванди Швейсария мебошад. Президент, ки ҷаласаи ҳукуматро аз дақиқаи хомӯшӣ шурӯъ кард, дар робита бо корҳои тафтишотии то ҳол анҷомёфта гузориши додситони кулли Тоҷикистон Раҳмон Юсуф, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саимумин Ятимовро шунид. “Дастур дода шуд, ки дар саросари кишвар тартиботи ҷамъиятӣ таъмин ва тадбирҳои амниятӣ пурзур карда шавад”, омадааст дар хабари расмӣ.

XS
SM
MD
LG