Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия, Туркия ва Эрон сарнавишти Сурияро дар Сочӣ баррасӣ мекунанд


Стафан де Мистура қабл аз оғози ҷаласаи Сочӣ. 30 июл, 2018

Намояндагони Русия, Эрон ва Туркия дар Сочӣ ҷамъ мешаванд, то масоили марбут ба ҷанги Сурияро матраҳ кунанд. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки мақомоти расмӣ масъалаи ташкили кумитаи конститутсионӣ барои минтақаҳои ташаннуҷзудоро баррасӣ мекунанд, ки дар Сурия таъсис ёфтаанд. Дар гуфтшуниди дурӯза, ки рӯзи 30 оғоз шуд, масъалаҳои башарӣ ҳам матраҳ аст.

Агарчӣ Туркия, Русия ва Эрон аз тарафҳои мухталифи ҷанги Сурия пуштибонӣ мекунанд, аммо соли гузашта раванди музокироти сулҳро дар пойтахти Қазоқоистон шурӯъ карданд. Дар Женева давраҳои алоҳидаи гуфтушунид таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуданд, ки асосан масоили сиёсии Сурияро рабт доштанд.

Аз Русия дар ин музокироти Сочӣ фиристодаи Кремлин дар умури Сурия Александр Лаврентев намояндагӣ мекунад. Интизор меравад, ки ноиби вазири хориҷии Эрон Ҳуссейн Ансорӣ ва ҳамтои ӯ аз Туркия Седет Онол ба ин нишаст ҳамроҳ шаванд.

Туркия рӯзи 29 июл гуфт, ки барои баррасии масъалаи Сурия ва мазӯҳои дигари минтақавӣ мехоҳад бо Олмон, Фаронса ва Русия ҷаласа доир кунад. Ба гуфтаи матбуоти Туркия интизор меравад, ки ин мулоқот 7 сентябр дар Истанбул баргузор шавад. Русия, Фаронса ва Олмон то ҳол ин хабарро тасдиқ накардаанд.

Видеоҳои охирин

Нигоҳе ба ҳаёти генерали афғон Абдурозиқ, ки дар сӯиқасде кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG