Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷангҷӯён ба як маркази омӯзишии духтарон


Ҷалолобод дар гузашта шоҳиди чандин ҳамлаву бомбгузоӣ шудааст.
Ҷалолобод дар гузашта шоҳиди чандин ҳамлаву бомбгузоӣ шудааст.

Ҷангҷӯён дар Афғонистон ба як маркази омӯзишии парасторон дар шаҳри Ҷалолобод ҳамла кардаанд. Аз маҳалли ҳодиса, аз ҷумла хобгоҳи духтарон садои чанд таркиш ва тирандозӣ ба гӯш расидааст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Афғонистон мегӯянд, ки шоҳидони айнӣ ба онҳо дар бораи бомбгузории маргталабона хабар додаанд. Оятуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Нангарҳор гуфтааст, дар натиҷаи ҳамла се нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомоти беҳдоштии шаҳр вуқӯи ҳамла ба маркази омӯзишии парасторонро тасдиқ кардаанд. Касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале Толибону гурӯҳи Давлати исломӣ дар гузашта дар ин шаҳр чандин бомбгузориву ҳамла анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG