Андрей Брежнев - набераи Котиби генералии Кумитаи марказии ҳизби коммунисти шӯравии пешин аз дунё даргузашт. Дар ин бора ТАСС рӯзи 10 июл бо такя ба раҳбари минтақавии ҳизби "Родина" Константин Книрик хабар дод.
Сабаби марги Андрей Брежневи 57- сола сактаи қалб эълон шуд.
Андрей Брежнев раҳбари ҳизби "Коммунистҳои нав" ва узви Ҳизби Коммунисти Русия буд, вале соли 2016 ба ҳизби "Родина" гаравид.
Номзадии ӯ борҳо ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуд. Брежнев ҳамчунин барои мақоми губернатор дар Свердловск, Тула ва ҳамчунин барои ишғоли курсии шаҳрдори Маскав вориди сабқат шуда буд.