Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Юнон ду дипломати Русияро аз қаламраваш хориҷ мекунад


Юнон ду дипломати русро аз қаламраваш хориҷ мекунад. Дар ин бора нашрияи юнонии "Kathimerini" рӯзи 11 июл хабар дод ва ҳамчунин навишт, ки вуруди ду дипломати дигар ба қаламрави кишвар лағв шудааст.

Ба гуфтаи хабарнигорон, Афина дипломатҳои русро ба ҷамъоварии маълумот ва ришва додан ва кормандони давлатӣ муттаҳам кардааст. Мақомоти Юнон инро таҳдид ба амнияти кишвар арзёбӣ медонанд.

Нашрия номи яке аз дипломаҳоро ошкор кард, ки "персона-нон-грата" эълон шудаанд. Ин шаҳрванди Русия Дмитрий Яковлев будаст. Аммо дар сомонаи расмии Вазорати хориҷии Русия ҳеҷ дипломате бо ин ном вуҷуд надорад. Тасдиқи расмии ихроҷи дипломатҳои рус низ дастрас нест. Дар Вазорати хориҷии Русия гуфтанд, ки онҳо ба ин иқдом посухи ҳамсанг хоҳанд дод. Хадамоти истихбороти Русия аз шарҳи ин хабар худдорӣ кард.

Видеоҳои охирин

Сафири Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон меравад - Гуфтугӯ бо Бишчевич
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:13 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG