Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши маргталабонае дар Афғонистон 12 нафар қурбон шуд. ВИДЕО


Маҳалли таркиш

Таркиши як бомбгузор дар наздикии посгоҳи амниятие дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон дасти кам 12 нафарро кушта бар ҷой гузошт. Маъмурияти волии Нангарҳор бо пахши изҳороте гуфт, ки дар таркиши рӯзи 10 июл ҳашт мулкӣ ва ду амниятӣ кушта шуданд. Дар натиҷаи ин таркиш чанд фурӯшгоҳ ва мошинҳои дар ин маҳалла қарордошта оташ гирифтанд. Аксари қурбониҳо кӯдакон буданд, ки дар истгоҳи мошиншӯӣ кор мекарданд ва таркиши маргталаб ҳам дар ҳамин ҷо рух дод, гуфт Сӯҳроб Қодирӣ, як узви шӯрои вилоятӣ.

Атоулло Хогиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, ки дар ин ҳодиса чор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Хогиёнӣ гуфт, ки ҳадафи ҳамлагари пиёдагард хадамоти амниятии Афғонистон буд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Дар Ҷалолободи Афғонистон маргталаб 12 касро ба ҳалокат расонд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:42 0:00

Видеоҳои охирин

Кӯҳнавардони осебдида дар бемористони "Истиқлол" бистарӣ шуданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:52 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG