Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби Русия ба даври чаҳоряк-финали ҶҶ-2018 роҳ ёфт


Шодии мухлисон ба пирӯзии мунтахаби Русия бар Испания

Дастаи мунтахаби футболи Русия дар даври ҳаштяк-финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 тими Испанияро шикаст дод. Бозии ду даста бо ҳисоби 1:1 ба поён расид, вале русҳо дар зарбаҳои ҷаримавӣ пирӯзӣ ба даст оварданд.

Тими милли Русия аз даврони шӯравӣ ба ин сӯ бори аввал ба даври чаҳоряк-финали Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфт.

Дар дақиқаҳои аввали бозӣ тӯбро варзишгарони Испания дар ихтиёр доштанд, вале дар дақиқаи 12-ум футболбози рус Сергей Игнашевич ба хатогӣ роҳ дода, тӯбро ба дарвозаи дастаи худ ворид кард. Дар дақиқаи 42-ум русҳо бо зарбаи ҷаримавӣ, ки онро Артем Дзюба анҷом дод, ҳисобро баробар карданд.

Дастаи Русия дар даври чаҳоряк-финал бо тими Хорватия рақобат хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Роҳгузарон: ТВ-и Тоҷикистон таъриф мекунад, аз мушкилот намегӯяд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:51 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG