Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзараи Сосониён ба феҳрасти ЮНЕСКО шомил шуд


Манзараи Сосониён дар вилояти Форс
Манзараи Сосониён дар вилояти Форс

ЮНЕСКО, Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал 8 маҳалли бостонӣ ва пеш аз ислом дар Эронро ба феҳрасти ҷаҳонии худ ворид кард ва бо ин шумораи осори Эрон дар феҳраст ба 24 адад расид.

“Манзараи бостонии Сосониён” яке аз осори бостониест, ки рӯзи 30-уми июн дар нишасти ЮНЕСКО дар Баҳрайн ба феҳрасти мӯътабари ҷаҳонӣ шомил шуд.

Мақбараи бостонии Сосониён дар вилояти Форс ҷойгир аст, ки онро гавҳораи сулолаи Сосониён медонанд. Ин сулола дар аввалҳои асри 3 дар тамоми қаламрави Эрон ва аз Миср то ба Афғонистону Осиёи Марказӣ ҳукмронӣ кардаанд.

Сосониён баъди ҳамлаи арабҳо дар миёнаҳои қарни 7 аз байн рафт. ЮНЕСКО чандин осори дигари қадимӣ аз ҷумла дар Ҳинду Ҷопон ва Олмону кишварҳои дигарро ба феҳрасти худ шомил кард.

XS
SM
MD
LG