Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Хуррамшаҳр ба бархӯрд кашид


Маъмурони пулис дар маҳалли тазоҳурот дар Хуррамшаҳр
Маъмурони пулис дар маҳалли тазоҳурот дар Хуррамшаҳр

Бино ба гузоришҳо садҳо тазоҳургари норозӣ аз камбуди оби ошомиданӣ дар Хуррамшаҳри Эрон бо маъмурони пулис бархӯрд кардаанд. Хабаргузории давлатии Эрон ИРНА гузориш додааст, ки эътирозгарон рӯзи 30-уми июн дар шаҳр ҷамъ омада ва ба зидди мақомот шиор доданд.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар шоми он рӯз баъди онки тазоҳургарон ба самти афсарон санг андохтанд, маъмурони пулис барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар истифода бурданд.

Дар видеоҳое, ки аз маҳалли тазоҳурот нашр кардаанд, садои тир шунида мешавад. Телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки теъдоде аз тазоҳургарон дастгир шудаанд.

Мунтақидон мегӯянд, мудирияти нодуруст бар изоваи хушксолиҳои чанд соли гузашта сабаби кам шудани оби рӯдхонаҳо ва обҳои зеризаминӣ дар Хуррамшаҳр шудааст.

Пештар аз ин дар Теҳрон низ дар моҳи гузашта мардум ба зидди мушкилоти иқтисодии афзоянда дар Эрон эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG