Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон бо Португалия мусовӣ кард ва аз Ҷоми ҷаҳон ҳазф шуд. ВИДЕО


Дар яке ҷолибтарин бозиҳои ин даври Ҷоми ҷаҳон дар Русия, мунтахабҳои миллии футболи Эрон ва Португал бо ҳам мусовӣ карданд. Ин ду тим дар охирин мусобиқаи гурӯҳи "B" рӯзи душанбеи 26-уми июн бо ҳам рӯбарӯ шуданд

Дастаи Португалия дар дақиқаи 44-ум ба дарвозаи рақибаш тӯбро ворид кард ва аз Эрон пеш афтод. Дар дақиқаи 52-и бозӣ як фурсати дигар барои дастаи Португалия ба миён омад, аммо дарвозабони Эрон Алиризо Беронванд зарбаи футболбози маъруф Криштиану Роналдоро баргардонд.

Дар нимаи давуми бозӣ дар дақиқаи 92-юм довар як зарбаи ҷаримавӣ барои Эрон гирифт ва Карим Ансорифард бо як зарбаи дақиқ, тӯбро вориди дарвозаи Португалия намуд. Бозии ду даста бо ҳисоби 1:1 ба поён расид.

Ҳамин тариқ аз гурӯҳи "B" Испания ба унвони тими аввал ва Португалия ба унвони тими дувум ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Испания бо Русия ва Португалия бо Уругвай бозӣ хоҳанд кард.

Эрон ва Марокаш ба унвони тимҳои савум ва чаҳорум дар гурӯҳи "B" аз мусобиқот ҳазф шуданд. Бозии дастаҳои миллии футболи Марокаш ва Испания бо ҳисоби 2:2 поён ёфт.

"Роналду? Эрон медонад бо ӯ чӣ кунад"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:53 0:00

XS
SM
MD
LG