Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, эҳтимол дорад, мулоқоти ӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин моҳи июл баргузор шавад. Дар ин бора Bloomberg хабар медиҳад.
Хабаргузорӣ навиштааст, ки раҳбарони ду кишвар эҳтимолан то саммити НАТО дар Брюссел мулоқот хоҳанд кард. Гузинаи дувуми эҳтимолии вохӯрӣ баъд аз сафари Трамп ба Бритониё аст. Қарор аст, президенти ИМА 13 июл ба Бритониё биравад.
Кохи сафед рӯзи панҷшанбе расман тасдиқ кард, ки мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон ба Москва рафтааст. Болтон дар онҷо мулоқоти эҳтимолии Трамп бо Путинро баррасӣ хоҳад кард. Намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА Гаррет Маркис гуфт, Болтон барои баррасии масоили амниятӣ ҳафтаи оянда ба Лондону Рум ва баъдан ба Москва меравад.
Пештар расонаҳо хабар доданд, ки вохӯрии раҳбарони ИМА ва Русия эҳтимол аст, баъд аз саммити НАТО дар Брюссел баргузор шавад. Бритониё роҷеъ ба эҳтимоли мулоқоти Трамп бо Путин пеш аз саммити НАТО нигаронӣ баён кард. Ба назари Лондон, ин амали Трамп ягонагии НАТО-ро зери хатар қарор хоҳад дод. Манобеи дигар мегӯянд, эҳтимол аст, президентҳои ду кишвар дар Вена вохӯранд.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков 19 июн дар шарҳи гуфтугӯи эҳтимолии раҳбарони Русия ва ИМА баргузории онро пеш аз саммити НАТО аз эҳтимол дур донист.