Конфронсе, ки рӯзи 15 июн дар Киев аз ҷониби узви маҷлиси Украина Юлия Тимошенко ва ҳизбаш “Баткившина” ташкил шуд, ногаҳон аз ҷониби марде барои фурсати кӯтоҳ қатъ шуд. Нахуствазири собиқ ва раҳбари мухолифон дар саҳнаи конфронсе таҳти унвони “Роҳи нави Украина” суханронӣ мекард, ки марди ҷавоне ба ӯ наздик шуду як даста гул тақдим кард.
https://www.youtube.com/watch?v=rrqontxuQjA
Баъди ин мард нимтанаашро бадар карду навиштаҷотеро дар танаш ба намоиш гузошт. Дар пушти ӯ бо ранги сурх исми конфронс - “Роҳи нави Украина” иншо шуда буд.
https://twitter.com/RomanKravets/status/1007530666358136832
Тимошенко аз ин кори мард ханда кард ва дар муроҷиат ба ширкатдорони маҷлис гуфт, ки «ин ҳодиса ғайричашмдошт буд, вале ба ҷараёни маҷлис як тозагӣ ворид кард».
Тимошенко солҳои 2005 ва 2007 то 2010 нахуствазири Украина буд. Ҳоло ӯ мегӯяд, ки ҳизбаш “Баткившина” дар интихоботи парлумонӣ ва ҳам президентии соли 2019 иштирок мекунад.