Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарима лағв шуд. Зиндон – барои "порадиҳӣ" ва "порагирӣ" САДО


Тоҷикистон ҷазо барои “порадиҳӣ” ва “порагирӣ”-ро шадидтар кард. Агар то кунун барои ин ҷурмҳо ҷазо дар шакли ҷарима пешбинӣ мешуд, ҳамакнун муттаҳамонро ҳабс интизор аст.

Тоҷикистон ҷазо барои "порадиҳӣ" ва "порагирӣ"-ро шадидтар кард. Агар дар ду соли охир барои порадиҳиву порагирӣ танҳо ҷарима таъйин мешуд ва муттаҳамон бо пардохти он аз ҷавобгарӣ озод мегардиданд, акнун онҳоро ҳабс интизор аст.

  • Мақомоти Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон гуфтанд, ки таъйини ҷарима барои ҷурмҳои коррупсионӣ дар ду соли пеш ба ҷойи кам шудани ҷурмҳои коррупсионӣ, баръакс, ба афзоиши он сабаб гардид.
Тоҳир Нурзода: Ҷарима сабаби афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00
Линки мустақим

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 13-уми июн бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ ҷарима барои “порагирӣ”, “порадиҳӣ” ва “иғвои ришвадиҳӣ”-ро дар кишвар лағв кард ва ба ҷои он ҳабсро таъйин намуд.

Тоҳир Нурзода
Тоҳир Нурзода

Тоҳир Нурзода, муовини раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар порлумон гуфт: "Таҷриба нишон дод, ки ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима барои гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ барои кам намудани сатҳи содиршавии чунин ҷиноятҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Аз ҳамин лиҳоз, зарур аст, ки барои таъсирбахш намудани ҷазои асосӣ ва ҷазои иловагӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисми 3 ва 4-и моддаи 319, қисми 2-и моддаи 320 ва моддаи 321-и Кодекси ҷиноӣ пешбинигардида ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ карда шавад.”

Зиндон - ҷарима - зиндон

Ду сол қабл порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни ҷиноӣ ба афроди ришвагир имкон дода буд, ки як рӯзи ҳабси худро дар ивази 200 сомонӣ ва ҳафт солашонро бар ивази 800 ҳазор сомонӣ “бихаранд”. Он вақт иддае инро зарба ба ҷайби мансабдорон ва роҳи пур кардани буҷети кишвар дониста, бархеи дигар роҳи осонтари халосии масъулон аз ҷавобгарӣ шумурда буданд.

Амнияти Абдуназар
Амнияти Абдуназар

Амнияти Абдуназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июн дар шарҳи мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, роҳандозии ҷарима барои гирифтан ва додани ришва хатое буд, ки ҳоло вакилони Маҷлиси Намояндагон онро ислоҳ карданд. “Эҳтимол, ду сол қабл чунин навгонӣ дар пайи талоши гурӯҳҳои махсус сурат гирифта буд. Вагарна, дар тамоми ҷаҳон додан ва гирифтани ришват ҷиноят аст ва барои ин кирдор маҳбас пешбинӣ мешавад. Ба ёдам ҳаст, ки соле қабл яке аз хешовандони мақоми баландпоя ришват талаб карда, дар ниҳоят, бо пардохти тақрибан 200 ҳазор сомонӣ аз ҷазои маҳрумият аз озодӣ халос шуд”, - афзуд ӯ.

Вокунишҳоро дар инҷо гӯш кунед:

Дигар барои ришвадиҳиву ришвагирӣ ҷарима намекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим

"Тарси мақомот аз зиндонро дур карда буд"

Оқои Абдуназар нагуфт, ки манзураш кист, вале дар як қазияи охири соли 2015 матбуот дар бораи боздошти бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси вақти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, хабар дод, ки гӯё аз як шаҳрванд 400 ҳазор доллар гирифтанӣ шуда, дар вақти дарёфти қисмате аз ин маблағ боздошт шудааст. Вале ним сол баъд худи Абдуфаттоҳи Ғоиб ба журналистон гуфт, парвандаи Наҷмиддин Саидов, ки он замон раҳбари намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" дар Данғара буд, "бинобар тасдиқ нашудани фикри айбдорӣ" қатъ шуд. Ин изҳорот дар матбуот сару садо эҷод кард.

Алиакбар Абдуллоев
Алиакбар Абдуллоев

Алиакбар Абдуллоев, як муҳаққиқи масоили коррупсия дар Тоҷикистон, аз тасмими вакилони мардумӣ барои лағви муқаррароти ҷарима барои ришвагирӣ ситоиш кард. Вай гуфт, воқеан вуҷуди чунин ҷазо дар қонуни ҷиноӣ тарси мақомот аз зиндонро дур карда буд.

Ҷои 161-уми Тоҷикистон

Абдуллоев ба ин назар аст, ки ҳеҷ қонун наметавонад “догма” ё абадӣ бошад ва пайваста ба такмил ниёз дорад. “Имрӯз намояндаи Оҷонси мубориза бо фасод далел пеш овард, ки вуҷуди чунин муқаррарот ба афзоиши ришваситонӣ сабаб шудааст. Ҳукумат низ аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ карда, хостори лағви чунин шакли ҷазо шуд. Акнун муҳим ин аст, ки чунин ислоҳи қонун ба коҳиши ришваситонӣ мусоидат карда, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои фасодзадаро беҳтар созад”.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Фасоди молиро дар Тоҷикистон аз мушкилҳои умда арзёбӣ мекунанд, ки монеи рушди кишвар шудааст. Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Transparenсy International дар шохиси имсолаи фасоди молӣ Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвари дунё дар ҷойи 161-ум қарор дод. Тоҷикистон дар гузориши соли гузаштаи ин созмон дар мақоми 151-ум буд.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, ислоҳи қонунгузорӣ наметавонад мушкили фасодкорӣ дар Тоҷикистонро аз байн бубарад. Вай мӯътақид аст, ки бояд заминаҳои сиёсӣ барои ин амр фароҳам карда шаванд.

“Таъмини озодии баён дар расонаҳо, ки метавонанд мавриди фасодкориро ошкор созанд ва интихоботи шаффофу воқеӣ, ки дар пайи он номзадҳои арзанда вориди маҷлисҳо мешаванд, аз роҳҳои ҳалли мушкили ришваситонӣ дар Тоҷикистон аст”, - хулоса кард Ҳакимов.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ ҳангоми таҷлил аз 10-солагии таъсиси Оҷонси мубориза зидди фасод дар як соли пеш гуфта буд, “ҳамасола содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад”. Ба нақл аз гуфтаҳои раиси ҷумҳур, агар соли 2007 наздики 500 ҷиноят дар ин самт ошкор шудааст, дар соли 2016 шумори ҷиноятҳои марбут ба фасоди молӣ ба 1900 расидааст.

Соли гузашта Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия беш аз 100 мавриди ришваситониро ошкор кардааст. Ба иттилои ин манбаъ, ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар дар вазорати маориф, тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, идораи замин ва ниҳодҳои дигар ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG