Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми июн озими Чин мешавад


Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон, фардо, шанбеи 9-уми июн ҷиҳати ширкат нишасти солонаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, озими Чин мешавад. Ин нишаст рӯзҳои 9 ва 10-уми июн дар шаҳри Тсиндаои Чин баргузор хоҳад шуд. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СҲШ-ро тасдиқ карда ва гуфт, ки президенти Тоҷикистон субҳи шанбе дар Чин хоҳад буд.

Парвиз Давлатзода, сафири Тоҷикистон дар Чин охири ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ дар Пекин гуфта буд, дар барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон дар баробари иштирок дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Тсиндао, ҳамчунин, мулоқот бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин ва дидор аз вилояти Ҳенани ин кишвар ҷой дода шудааст. Дар назар аст дар ҳошияи ин нишаст президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин дидор ва гуфтугӯ кунад.

Аммо дар робита ба ин, ки оё имкони мулоқоти президенти Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш Ҳасани Рӯҳонӣ дар Чин вуҷуд дорад, Абдуфаттоҳ Шарифзода гуфт, ки "маълумоте надорад". "Ба фикрам, саммити Тсиндао бо муваффақият ва дар сатҳи олӣ хоҳад гузашт. Бори аввал дар ин нишаст ҳайатҳои 8 кишвар, аз ҷумла ду узви нав ҳузур хоҳанд дошт",-афзуд Абдулфаттоҳ Шарифзода

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой соли 1996 ҳамчун аҳдномаи Шонгҳой ташкил шуд, ки дар он кишварҳои ҳаммарз – Чин, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон ваҚазоқистон узвият доштанд. Соли 2001-ум Узбекистон ба узвияти ин аҳднома пазируфта шуд ва ҳамон сол Аҳдномаи Шонгҳой ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой табдил ёфт.

Соли гузашта Ҳиндустон Покистон ба узвияти комили ин созмон қабул шуданд ва барои аввалин бор дар нишасти Тсиндао сари мизи музокирот хоҳанд нишаст. Ҳайатҳои Муғулистону Эрон дар нишастҳои ин созмон ба ҳайси нозир иштирок мекунанд.

Видеоҳои охирин

"Мошинронии занони саудӣ ба нафъи кишвар ва оила аст"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG