Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Эронро ҳушдор дод


ИМА ҳушдор дод, ки намегузорад Эрон дар паи пешбурди силоҳи ҳастаӣ шавад. Ин изҳорот дар посух ба омодагии Теҳрон садо дод, ки гуфт, ният дорад тавонмандии ғанисозии ураниумро боло барад. Майк Помпео, котиби давлатии ИМА бо пахши изҳороте дар саҳифаи худ дар Твиттер рӯзи 6 июн гуфт: “Мо мебинем, ки Эрон дар бораи нақшаи рушди силоҳи ҳастаӣ гузориш дод”.

Вай гуфт, “Эрон дар бораи қарори мо хабар дорад”. Изҳороти Помпео баъди он садо дод, ки Эрон гуфт, агар созиши ҳастаии соли 2015 пош хӯрад, дар коргоҳи Натанз дар давоми як моҳи оянда сентрифугаҳои иловагӣ бунёд карда тавонмандиашро дар ғанисозии ураниум боло мебарад.

Дар Эрон нирӯҳои муҳофизакор суол гузоштаанд, ки чаро мақомоти кишвари онҳо бояд баъди аз созиш берун шудани Доналд Трамп, президенти ИМА, боз ҳам ба эҳтироми санади се сол пеш имзошуда идома диҳад? Эрон дар нома ба Оҷонсии ҳастаии СММ гуфтааст, ки бурдани тавонмандиҳои ҳастаии ин кишвар аммо шарту шурути созишномаи соли 2015-ро нақз намекунад.

XS
SM
MD
LG