Дар Қазоқистон аз ибтидои соли ҷорӣ шумори гирифторон ба уфунати менингит ба 59 тан расид. Вазорати тандурустии Қазоқистон рӯзи 6 июн гуфт, 21 гирифтори ин бемориро кӯдакони то 14-сола ташкил медиҳанд.
Дар маҷмуъ 13 одам - шаш тан дар шаҳри Алмато, чаҳор тан дар вилояти Алмато, ду нафар дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ва як тани дигар дар вилояти Қизилорда аз уфунати менингит фавтидааст.
Ин дар ҳолест, ки вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов рӯзи 4 июн гуфт, аз ибтидои сол марги 12 одам бар асари уфунати менингит ба қайд гирифта шудааст. Ҳамон рӯз дар бораи марги сокини 17-солаи шаҳри Талдиқурғон хабар расид.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, вазъро зери назорат дорад. Мақомоти тандурустии Қазоқистон хабар медиҳанд, ки уфунати мазкур мавсимӣ буда, зимистону баҳор хуруҷ мекунад.