Дар Тифлис кормандони метро рӯзи дуюм аст, ки даст ба корпартоӣ зада ҳамзамон раҳбари эътирозгарони зиддиҳукуматӣ ба мубориза зидди элитаи сиёсӣ идома медиҳад. Кормандони метро ба боло бурдани маошҳояшон пофишорӣ карда аз рӯзи 4 июн ба ин сӯ ба кор намебароянд. Автобусҳо дар кӯчаҳои Тифлис бо навиштаҷоти “Хадамоти ройгон” ба мардуми зиёди норозӣ аз ин ҳолат хизмат мекунанд. Вале асабонияти мардуми эҳтиёҷманд ба нақлиёт афзоиш меёбад.
Кормандони метро талаб доранд, ки аз соли оянда маоши онҳо то 45 дар сад боло бурда шавад, вале мақомоти Тифлис мегӯянд, ки барои ин маблағи кофӣ дар ихтиёр надоранд.
Дар ҳамин ҳол, эътирозгарон, ки талаби истеъфои ҳукуматро пеш гузоштаанд, рӯзи шашум аст, ки дар маркази Тифлис раҳпаймоӣ мекунанд. Заза Саралидзе, раҳбари эътирозгарон гуфт, ки мулоқоти дирӯзаи ӯ бо нахуствазир Гиорги Квирикашвилӣ фикрашро дигар накард ва ӯ ҳамоно истеъфои ҳукуматро талаб доранд.
Эътироз баъди он шурӯъ шуд, волидони ду навраси моҳи декабр кушташуда аз ҳукми додгоҳ дар нисбати гумонбарони ин ҷиноят норозӣ шуданд ва гуфтанд, ки ҳукми додрас мунсифона набуд ва гумонбарони қатл аз ду нафар бештар буданд. Ҳатто баъди истеъфои додситони кулли Гурҷистон ҳам эътирозгарон қонеъ нашуда гуфтанд, ки бояд тамоми низом дигар шавад.