Дар маркази тиҷоратии "Фрунзе+" дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон қиморхонаи ғайриқонунӣ пайдо шуд. Дар ин бора рӯзи 4 июн Хадамоти давлатии мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон хабар дод.
Ин ниҳод гуфт, ки рӯзи 30 май бо моддаи ташкил ё нигаҳдории қиморхона парванда боз ва ҷустуҷӯ сурат гирифтааст. Аз қиморхонаи маркази тиҷоратии "Фрунзе+" дастгоҳҳои бозии "русское лото" ва маблағи мавҷуда содир карда шудааст.
Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон 20 майи соли 2017 қонун дар бораи манъ будани ҳама навъи қиморбозиро имзо кард. Дар он кишвар ҳамакнун танҳо қимори давлатӣ иҷозат аст ва ба ин тартиб, давлат тиҷорати мазкурро ба инҳисори худ гирифт.
Моҳи ноябри соли гузашта сарвазири вақти он кишвар Сафар Исҳоқов аз вакилони порлумон хост, ки қонуни манъи қиморбозиро дар ин кишвар як соли дигар тамдид кунанд.