Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Тифлис поён ёфт, аммо...


Дар тазоҳурот ҳазорон нафар ширкат доштанд.
Дар тазоҳурот ҳазорон нафар ширкат доштанд.

Тазоҳуроти ҳазорон нафар дар шаҳри Тифлис пойтахти Гурҷистон бо талаби истеъфои ҳукумат субҳи рӯзи 2-уми июн ба поён расид, вале пешвоёни тазоҳурот гуфтаанд, ки ба эътироз идома медиҳанд.

Тазоҳурот рӯзи 31-уми май ва баъди эълони ҳукми омилони марги як ноболиғ шурӯъ шуд. Заза Саралидзе падари ин ноболиғ ва пешвои тазоҳургарон мегӯяд, қотилони асосии писараш ва як ҷавони дигар ҷазо нагирифтаанд, чун хешовандонашон дар додситонӣ кор мекунанд.

Ин ду ҷавон моҳи декабри соли гузашта дар натиҷаи як занозанӣ кушта шуданд ва додгоҳи Тифлис рӯзи 1-уми июн ду нафарро барои марги онҳо аз 9 то ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Заза Саралидзе гуфтааст, дар хаймае, ки дар назди порлумон гузоштаанд, шаб мемонад. Бо вуҷуди онки раиси ҷумҳур Гиорги Маргвелашвилӣ ва нахуствазир Гиорги Квирикашвилӣ гуфтаанд, ки ба масъалаи ислоҳи низоми додгоҳӣ расидагӣ мекунанд, аммо тазоҳургарон мегӯянд, ки ақибнишинӣ карданӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG