Дар як ҳамлаи мусаллаҳона ба вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи 30 май дар Кобул як ходими полис ва ҳамаи ҳамлагарон кушта шуданд. Як бомбгузори маргталаб худро дар назди посгоҳи вазорат мунфаҷир кард ва баъди ин афроди мусаллаҳи дигаре бо ходимони амниятӣ вориди даргирӣ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт. Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки ҳамлагарон 7 нафар буданд ва ҳамаи онҳо аз ҷониби низомиёни афғон кушта шуданд. Дар ин ҳодиса як ходими полиси Афғонистон кушта ва шаш нафари дигари захмӣ шуданд. “Задухӯрдҳо хотима ёфт. Ҳамлагарон кушта шуданд”, гуфт Доудхон, раиси полиси Кобул. Ин ҳодиса дар шароите рух дод, ки Толибон ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамлаҳои худ ба низомиёни афғонро вусъат бахшидаанд. Дар чанд моҳи охир беш аз сад нафар қурбони ҳамлаҳои мусаллаҳон шудаанд.