Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сикҳи кушташуда ба хок супурда шуд


Маросими дафни Чаранҷит Сингҳ
Маросими дафни Чаранҷит Сингҳ

Мусаллаҳони ношиноси савори мотосикл як узви боэътибори ҷомеаи сикҳои Покистонро аз тири туфанг ба қатл расонида фирор карданд. Чаранҷит Сингҳ дирӯз дар фурӯшгоҳе дар канори шаҳри Пешавар кушта шуд ва рӯзи 30 май маросими хоксупории ӯ баргузор гардид. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё афроде масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Як ришсафеди ҷомеаи сикҳо Бобо Амарҷит Сингҳ гуфт, ки Чаранҷити 52-сола корманди иҷтимоӣ буд ва дар масоили таҳаммулпазирии динӣ саҳми зиёде гузоштааст. Ӯ инчунин яке аз камтарин фаъолоне буд, ки амалиёти низомиёни покистонӣ зидди ифротгароҳои исломиро ҷонибдорӣ мекард.

Раҳбари ҳиндуҳо Ҳорун Саробдаёл гуфт, ки бовар дорад куштори Чаранҷит ҳисобшуда аст, чунки қурбонӣ бо ҳеҷ касе душманӣ надошт.

Баъди тақсими хушунатомези Покистону Ҳинд дар соли 1947, аксари сикҳо дар Ҳинд муқимӣ шуданд ва танҳо шумори ками онҳо дар Покистон зиндагӣ ихтиёр карданд.

XS
SM
MD
LG