Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров иттиҳомоти куштори Бабченкоро рад кард


Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров иттиҳомоти Украина дар бораи даст доштани Маскав дар куштори журналист Аркадий Бабченко дар шаҳри Киевро рад кард ва гуфт, ки ин ҳама бахше аз таблиғоти зидди Русия мебошад. Бобченко шоми 29 май дар Киев кушта шуд. Куштори журналисти 41-сола ҳамкасбони Бабченкоро таконзада ва ба робитаҳои бе ин ҳам мушкили Маскаву Киев таниши бештар ворид кард.

Баъди ишғоли нимҷазираи Қрим ва пуштибонии Маскав аз ҷудоиталабони шарқи Украина Бабченко ҳам ба яке аз мунаққидони шадиди сиёсати Кремлин табдил шуд. Чанд соат баъди куштори Бабченко нахуствазири Украина Владимир Гройсман дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: “Бовар дорам, ки мошини тоталитарии Русия ҳақиқатгӯву шахси принсипиалӣ будани ӯро бахшида натавонист”.

Лавров рӯзи 30 май дар як ҳамоише дар Маскав гуфт, “нахуствазири Украина аллакай ҳодисаро бори хадамоти вижаи Русия кард”. Вай гуфт, “чунин тарзи бархӯрд бо масоили байналмилалӣ як мӯд шудааст ва ин боиси таассуф аст”. Полиси Киев гуфт, ба бовари онҳо журналист ба хотири иҷрои масъулиятҳои касбиаш кушта шуд. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки тафтиши ҷиноии худро аз рӯи ин ҳодиса ба роҳ мондааст.

XS
SM
MD
LG