Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони интиқоли таҷҳизот ва нерӯҳои тоҷик тариқи Узбекистон


Порлумони Тоҷикистон созишномаи наверо тасвиб кард, ки убуру мурури сарбозон ва интиқоли таҷҳизоти ҳарбӣ аз манотиқи кишвар тавассути қаламрави Узбекистонро осон мекунад. Ин созишнома рӯзи 30-юми май қабул шуд.

Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, гуфт, дар гузашта мақомот барои интиқоли як вагон сарбоз бо сохторҳои Узбекистон музокирот карда, иҷоза мегирифт. "Ҳоло ин зарурат аз байн рафт", - афзуд ӯ.

Ба қавли муовини аввали вазири дифоъ, дар ҳолати изтирорӣ теъдоди зиёди нерӯҳо ва таҷҳизоти ҳарбӣ аз шимол ба ҷануб ва баръакс аз ҷануб ба шимоли Тоҷикистон аз тариқи Узбекистон интиқол дода хоҳад шуд.

Зайниддин Сафаров, муовини раиси Кумитаи ҳифзи тартиботи Маҷлиси Намояндагон, низ гуфт, бо имзои чунин созишнома "дигар ҳеч мушкил дар интиқоли техникаи низомӣ ва сарбозон тавассути қаламрави Узбекистон вуҷуд нахоҳад дошт".

XS
SM
MD
LG