Додситонии кулли Тоҷикистон ба таҳқиқи дубораи парвандаи марги Азизмад Юсупов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст. Додситонии Кӯлоб қаблан гуфта буд, ки капитан Юсупов худкушӣ кардааст ва бо ин далел парвандаи марги ӯро қатъ кард.
Наздикони Азизмад Юсупов ба худкушии ӯ бовар надоранд. Онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва Додситонии кулл ариза навишта, хостаанд, ки парванда аз нав таҳқиқ шавад. Пайвандонаш иддао доранд, ки ӯ кушта шудааст.
Парвандаро феълан муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ доранд, аммо масъулони додситонии Кӯлоб мегӯянд, ташхис худкушии ин мардро собит карда буд. Як манбаъ дар Додситонии Кӯлоб рӯзи 29-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳолатҳое, ки касе ӯро кушта бошад ва ё ба худкушӣ расонда бошад, ошкор нашуд.
Гузориши видеоӣ аз бойгонии Озодӣ:
Ҷасади капитан Азизмад Юсупов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлобро рӯзи 19-уми феврали имсол аз таҳхонаи манзили иҷорааш ёфта буданд. Солеҳ Юсупов, падари капитан Азизмад Юсупов, рӯзи 29-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, миёнаҳои моҳи март аз Додситонии Кӯлоб хабари қатъи парвандаи марги писарашро дарёфт кард. Ӯ гуфт, чун ба худкушии писараш бовар надошт, аз рӯи ин қарор шикоят бурд.
“Ҳеҷ боварам наомад. Зеро дар 15 рӯз парвандаро қатъ карданд. Маҷбур шудам, ки ба Додситонии кулл ва перезидент мактуб нависам. Навиштам, ки намояндагони вилоят тафтиш накунанд, фақат Додситонии кулл бисанҷад”, - афзуд ӯ.
Ин мард мегӯяд, ҳеҷ далел вуҷуд надошт, ки писараш худкушӣ кунад, “чун дар кору зиндагӣ мушкил надошт”.