Пайвандҳои дастрасӣ

Остона аз Чин хост, қазоқҳои боздоштшударо раҳо кунад


Ардақ Мадиев

Роҳбари консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо ҳамтои чиниаш мулоқот кард. Дар ин мулоқот роҳбари консулгарии Қазоқистон Ардақ Мадиев озодии қазоқҳои қавмиеро дархост кард, ки аз Чин ба Қазоқистон кӯчида, шаҳрвандии Қазоқистонро дарёфт кардаанд. Дар ин бора рӯзи 29-уми май бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод.

"Дархост шуд, парвандаи қазоқҳои қавмие, ки ба далели доштани душаҳрвандӣ дар Чин боздошт шудаанд, холисона ва одилона баррасӣ гардад", - хабар медиҳад вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Дар ин мулоқот ҳамчунин содасозии низоми раводид байни ду кишвар баррасӣ гардидааст.

Пештар аз ин расонаҳо навишта буданд, ки қазоқҳои қавмӣ дар Чин боздошт ва ба "маркази бозомӯзии сиёсӣ" интиқол дода шуданд.

Сар аз моҳи апрели соли 2017 дар бораи таъқиби қазоқҳо дар Чин хабар мерасад. Қазоқҳои қавмӣ дар Чин асосан дар деҳа ва ноҳияҳои Или-Қазоқи округи автономии Синтсзян, Олтой ва Тарбагатой зиндагӣ мекунанд. Бино бар оморҳои охир наздики 1 миллиону 250 ҳазор қазоқ дар Чин зиндагӣ доранд.

Видеоҳои охирин

Нозири БДА бо мошинаш як сокини шаҳри Кӯлобро зер кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:46 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG