Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба умури расонаҳо Арлем Дезир қарори додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистонро барои бастани сомонаи хабарии Ratel.kz “маҳдудияти ғайриқобили қабули озодии ВАО” номид.
Ӯ дар Твиттераш рӯзи 28 май навишт, ки “мақомот набояд ба кори Ratel.kz ва рӯзноманигорони он монеа эҷод кунанд”.
Додгоҳе дар Алмато рӯзи душанбе бо судури як қарор фаъолияти “Сомонаи таҳлилии интернетии Ratel.kz”-ро манъ кард. Ҳамчунин сармуҳаррири он Марат Осипов ҳақ надорад, зери унвони “Сомонаи таҳлилии интернетии Ratel.kz”- дар нашрияву расонаҳои Қазоқистон матлаб нашр кунад.
Осипов гуфт, қарори додгоҳ барои ӯ ғайриинтизор буд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад. Додситонии Алмато ибтидои моҳи гузашта зидди сомонаи Ratel.kz ва сардабири он ба додгоҳ шикоят бурда, онҳоро ба нақзи қоидаҳои бақайдгирии сомона айбдор кард.
Арлем Дезир ҳафтаи гузашта дар ҳошияи ҳамоиши хабарнигорони Авруосиё дар Алмато гуфт, дар Қазоқистон зидди баъзе расонаҳо аз бандҳои мушаххаси кодекси ҷиноӣ сӯистифода мешавад, ки ин монеи рушди онҳо хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир, зидди рӯзноманигорони Ratel.kz ва маҷаллаи Forbes Kazakhstan бо ҷурми “нашри иттилои бардурӯғ” парванда боз шудааст. Зидди онҳо вазири пешини дороиҳои давлатии Қазоқистон Зайнулло Какимжанов шикоят кардааст.