Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео гуфт, ҳадафи онҳо тағйири режими Эрон нест


Майк Помпео зимни сӯҳбат бо "Садои Амрико"

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, сиёсати раиси ҷумҳур Доналд Трамп, “тағйири режим” дар Эрон аст. Дар мусоҳибае, ки телевизиони “Садои Амрико” рӯзи 25-уми май нашр кард, Майк Помпео гуфт, “Сухан дар бораи тағйири режим нест”, балки “Дар бораи тағйири рафтори раҳбарони Эрон аст, ки бо хостаҳои воқеии мардуми Эрон мувофиқ бошад”.

Баёнияи Майк Помпео ду ҳафта баъд аз он садо медиҳад, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп, Амрикоро аз созиши атомии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон хориҷ кард. Бар асоси созиши соли 2015 Теҳрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро сабуктар карданд.

Баҳс сари “тағйири режим” дар Эрон моҳи март ва баъд аз он бархост, ки Доналд Трамп, Ҷон Болтон яке аз сиёсатмадорони тундравро мушовири амнияти миллӣ таъйин кард.

Пеш аз таъйинаш ба ин мақом, Ҷон Болтон дар як мусоҳибае бо телевизиони Фокс Нюс гуфт, ки “ҳадафи мо бояд тағйири режим дар Эрон бошад”. Аммо баъди расидан ба мақоми мушовир, гуфт, ки тағйири режим дар Эрон ҳадафи ҳукумати Амрико нест.

Видеоҳои охирин

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG