Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон роҳсозон корпартоӣ карданд


Дар Қирғизистон кормандоне, ки марҳалаи севуми тарҳи бунёди роҳи Талас-Тараз-Суусамирро иҷро мекунанд, даст ба корпартоӣ заданд. Роҳсозон мегӯянд, чор моҳ аст, маош нагирифтаанд.

Болотбек Сайидаҳмадов, муовини мудири ширкати "Роҳсози Қирғизистон", ки бо таъмири роҳҳо машғул аст, гуфт, корпартоӣ як ҳафта боз идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 50 нафар ба нишони эътироз ба кор намебароянд.

Талошҳо барои гирифтани назари пудратчии асосӣ -- ширкати "Чакир йапи Санайи ве Тижарет", ки маоши кормандонро бояд пардохт кунад, бенатиҷа буданд. Бахши севуми роҳи Талас-Тараз-Суусамир бояд охирҳои моҳи августи соли гузашта ба поён мерасид. Вале бо сабабҳои гуногун муҳлати ба истифода додани роҳ то ба моҳи июни имсол ақиб афтод.

Моҳи сентябри соли гузашта низ ҳодисаи ҳамсон рух дода буд. Кормандоне, ки дар 87-километрии роҳ кор мекарданд, бо талаби пардохт шудани маошашон корпартоӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ҳукумати Ҳиндустон мехоҳад барои "се талоқ" муҷозот кунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:07 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG