Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон онҳоеро меҷӯяд, ки "акси президентро дар ҳоҷатхона истифода мебаранд"


Дар шаҳри Гумдаги Туркманистон нозирони минтақавӣ ба ҷустуҷӯи онҳое баромаданд, ки дар ҳоҷатхона ба ивази коғази ташноб газетаҳоеро истифода мебаранд, ки акси президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро доранд.

Нозирон ҳоҷатхонаи манзилҳои сокинонро тафтиш мекунанд, агар чунин рӯзномаҳо пайдо шуд, бори аввал соҳибхона огоҳӣ мегирад.

Нозирон ҳамчунин вазифадор шуданд, ки аксҳои ифлосшудаи президентро аз дохили партовгоҳҳо пайдо кунанд. Барои ҳар партовгоҳ нозири махсус таъйин шудааст, ки агар газетаҳои дорои акси президент ёфт шавад, нозир вазифадор аст, соҳиби партовро пайдо ва ба мақомот хабар диҳад.

Хабар дода мешавад, ки дар ноҳияи Гуруғлии вилояти Дашоғуз як мудири мактаб баъди онки аз ҳоҷатхонаи мактаб газетае бо акси президент пайдо шуд, аз мақом барканор гардид. Расонаҳо ҳамчунин аз даҳ ҳолати дигари барканории мансабдорон баъди пайдо шудани нашрияҳои дорои аксҳои президент дар ҳоҷатхонаҳо хабар медиҳанд.

Акси президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар аксари рӯзномаҳои Туркманистон нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG