Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, "Эрон шоистаи дӯстӣ нест"


Шӯрои уламои Тоҷикистон
Шӯрои уламои Тоҷикистон

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон давлати Эронро ба он муттаҳам кард, ки қасд дорад, Тоҷикистонро ноором кунад ва барои ин мухолифони давлатро ба ҳайси васила истифода мекунад.

Шӯрои уламо рӯзи 23-юми май бо нашри баёнияи расмӣ дар вебсайти Кумитаи дин гуфт, "Эрон дар ноором кардан ва ба хоку хун кашида шудани Афғонистону Ироқ, Сурия ва Яман даст дорад ва аз ин чӣ фоидае дидааст, ки боз мехоҳад тавассути чанд нафар иғвогарони ҳамзабони худ кишвари ободи Тоҷикистонро ноором кунад.”

Бинои сафорати Эрон дар Душанбе
Бинои сафорати Эрон дар Душанбе

Дар баёнияи Шӯрои уламо, ки аз гурӯҳи донишмандони исломӣ иборат аст, ҳамчунин омадааст, “мо яқинан медонем, ки агар Эрон андаке суд ва манфиат бинад, дар ноором кардани ҳар минтақае нақш мебозад ва сипас корро ба дасти душманони ислому муслимин вогузор хоҳад кард”.

Ҳар нафаре шоистаи дӯстӣ нест

Шӯрои уламо бо зикри таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, гуфтааст, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ “байни Тоҷикистону Эрон муносибатҳо хеле боэҳтиромона ва барои ҳарду кишвар судманд ҷараён доштанд”. Вале гуфтааст, Шӯрои уламо, “дар дунёи тағйирёбанда ва ҳассос, баъзан дӯстон фаъолиятҳое зоҳир мекунанд, ки ҳатто душманони умумиро ба ҳайрат мегузоранд.”

Баъд аз пахши наворҳо дар шабакаҳои телевизионӣ инсон ба чунин хулоса меояд, ки на ҳар нафаре шоистаи дӯстӣ аст.

Шӯрои уламои Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз як филми Вазорати умури дохилӣ, ки дар он Эрон ба даст доштан дар барангехтани ҷанги дохилӣ ва қатли чеҳраҳои шинохта муттаҳам мешавад, гуфтааст, "баъд аз пахши наворҳо дар шабакаҳои телевизионӣ инсон ба чунин хулоса меояд, ки на ҳар нафаре шоистаи дӯстӣ аст." Филми мазкурро моҳи августи соли 2017 нашр карданд.

Дар баёнияи Шӯрои уламо ҳамчунин Эрон ба он муттаҳам мешавад, ки ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ кумаки молӣ мекунад ва “ӯ худро ҳомии манфиатҳои миллату кишвар вонамуд карда, ҷавонони соддалавҳро ба сӯяш мекашад ва сиёсати пешгирифтаи давлатро мавриди интиқод қарор медиҳад."

Тазоҳуроти "намоишӣ" дар назди сафорати Эрон

Баёнияи Шӯрои уламои Тоҷикистон се рӯз баъд он нашр шуд, ки даҳҳо нафар дар назди сафорати Эрон дар Душанбе ҷамъ омада, ба зидди Эрон ва Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ шиор додаанд.

Тазоҳурот дар рӯбарӯи сафорати Эрон дар Тоҷикистон
Тазоҳурот дар рӯбарӯи сафорати Эрон дар Тоҷикистон

Дар ин рӯз даҳҳо нафар дар назди сафорат ҷамъ омада, "Нест бод Кабирӣ" ва "Нест бод Ҳизби наҳзат" шиор медоданд. Дар ин тазоҳурот, ки онро ташкилшуда аз тарафи мақомот ва намоишӣ медонанд, як нафар фарёд мекашид, ки “ҳеҷ кишваре набояд ба сиёсати давлати Тоҷикистон дахолат кунад. “ Чанд нафар ҳам дар даст шиорҳое бо ин мазмун дар даст доштанд: “Фарзандони моро аз гурӯҳҳои террористӣ ба ватан баргардонед”, “Дӯстии Тоҷикистону Эронро ҳурмат кунед”.

Бо гузашти се рӯз аз тазоҳурот, Эрон то ҳол ба ин гирдиҳамоӣ вокуниш нишон надодааст. Ба муроҷиати Радиои Озодӣ барои шарҳи тазоҳурот, дар сафорати Эрон рӯзи 23-юми май гуфтанд, "ҷаноби сафир дар мулоқот қарор доранд ва рӯзи 24-уми май тамос бигиред ба суоли Шумо посух хоҳанд дод."

Аммо хабаргузории нимарасмии “Тасним”, наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, рӯзи 23-юми май бо нашри як хабар тазоҳуротро “иқдоми намоишӣ” хонд. Ин матлаб таҳти унвони “Тазоҳурот дар баробари сафорати Эрон дар Душанбе намоишӣ буд”, дар даҳҳо расонаҳои интернетии Эрон аз ҷумла "ghatreh.com", "khabarfarsi.com", ”News.ir” нашр шудааст.

Парчами Тоҷикистону Эрон
Парчами Тоҷикистону Эрон

Дар ин матлаб, ки дар дигар нашрияҳои Эрон ба чоп расидааст, аз ҷумла гуфта мешавад, "ин тазоҳурот пас аз 9 рӯзи суханронии Эмомалӣ Раҳмон алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ ва кишварҳои дар нохунак "дӯст" сурат гирифтааст."

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ, “аз кишварҳои дар нохунак дӯст” пул мегирифтанд ва ба зидди миллати худ кор мекарданд. Ишораи раиси ҷумҳур зоҳиран ба Эрон буд, ки ба ҳимоят аз Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ муттаҳам мешавад. Эрон дар гузашта иттиҳомоти давлати Тоҷикистонро рад кардааст.

Чаро муносиботи Тоҷикистону Эрон бад шуд

Пештар аз баёнияи Шӯрои уламо, дар вебсайти Кумитаи дини Тоҷикистон назари чанд тан аз рӯҳониёнро нашр карданд ва онҳо дар навиштаҳои худ "тазоҳурот дар назди сафорати Эронро як амри табиӣ" номидаанд.

Аз ҷумла Ибодулло Калонзода, имомхатиби масҷиди «Нури ислом»-шаҳри Хуҷанд гуфтааст, дар назди сафорати Эрон ҷамъ шудани шаҳрвандон, ки нуқтаи назари хешро нисбат ба сиёсати имрӯзаи давлати мазкур ва собиқ ҲНИТ баён намуданд, амри табиист. Мардуми мо, алалхусус ҷавонон намехоҳанд, ки замину замонашон боз ноором шавад, ҷанги бародаркуш, ки ҳазорҳо ҷони бегуноҳро аз байн бурда буд, миллионҳоро саргардону хонавайрон карда буд, боз аз нав ба сарашон ояд."

Робитаҳои Тоҷикистону Эрон баъд аз он сард шуд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси "Ваҳдати исломӣ" ба Теҳрон даъват шуд ва аз ҷумла бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфтӯгуи кӯтоҳе кард.

Конфронс моҳи декабри соли 2015, се моҳ баъд аз мамнӯъ шудани ин ҳизб дар Тоҷикистон, баргузор шуд. Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзат ва раҳбари он Муҳиддин Кабириро ба ҳидояту ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли 2015 муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG