Дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” мавзӯи андешаи миллӣ то замони истиқлоли Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ин маҳфил рӯзи 24-уми май соати 16:30 дар "Кохи Афсарон"-и шаҳри Душанбе зери унвони "Андешаи миллӣ то замони истиқлол" баргузор мешавад. Дар ин мавзӯъ Гулҷаҳон Бобосодиқова, узви Бюрои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва котиби КМ ҲКТ дар солҳои 1978-1987 суханронӣ хоҳад кард. Иштирок дар ин маҳфил озод аст ва ширкатдорон метавонанд дар баҳсҳо роҷеъ ба андешаи миллӣ то замони истиқлол мушорикат намоянд.